Чу Ӯ Бошад Дилу Дилсӯз Моро – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чу ӯ бошад дилу дилсӯз моро,
Чӣ бошад шаб, чӣ бошад рӯз моро?!
Ки хуршед ар фурӯ шуд, ар баромад,
Бас аст ин ҷони ҷонафрӯз моро!
Ту модармурдаро шеван маёмӯз,
Ки устод аст ишқомӯз моро!
Мадӯзон хирқаи моро, мадаррон,
Нашояд шайхи хирқадӯз моро!
Ҳама кас бар адӯ пирӯз хоҳад,
Ҷамоли он адӯ пирӯз моро!
Ҳама кас бахти ганҷандӯз хоҳад,
Валекин ишқи ранҷандӯз моро!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *