Чун Бибинӣ Офтоб Аз Рӯйи Дилбар Ёд Кун – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Чун бибинӣ офтоб, аз рӯйи дилбар ёд кун,
Чун бибинӣ абрро, аз ашки чокар ёд кун!
Чун бибинӣ моҳи навро ҳамчу ман бигдохта,
Аз барои ҷони худ, з-ин ҷони лоғар ёд кун!
Дарнигар дар осмон в-ин чархи саргардон бибин,
Ҳоли саргардони ин бепову бесар ёд кун!
Чун ҷаҳон торик бинӣ аз сипоҳи занги шаб,
Аз асирони шаби ҳиҷрони кофар ёд кун!
Чун бибинӣ насри тойир бар фалак – бар оташин,
З-оташи мурғи дили сӯзидашаҳпар ёд кун!
Чун бибинӣ бар фалак Миррихи хуношомро,
Чашми миррихии хуношоми пуршар ёд кун!
Лаб бибанду хушк ору ҳар чи бинӣ хушку тар,
Дар лабу чашмам нигар, з-он хушку з-ин тар ёд кун!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *