Шиъри Ман Нони Мисрро Монад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Шиъри ман нони Мисрро монад,
Шаб бар ӯ бигзарад, натонӣ х(в)ард!
Он замонаш бихур, ки тоза бувад,
Пеш аз он ки бар ӯ нишинад гард!
Гар масири замир ҷойи вай аст,
Мебимирад дар ин ҷаҳон аз бард!
Ҳамчу моҳӣ даме ба хушк тапид,
Соъате дигараш бибинӣ сард!
В-ар хурӣ бар хаёли тозагияш,
Бас хаёлот нақш бояд кард!
Он-ч нӯшӣ, хаёли ту бошад,
Набувад гуфтани куҳан, ай мард!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *