Шунав Панде Зи Ман Ай Ёри Хушкеш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Шунав панде зи ман, ай ёри хушкеш
Ба хуни дил барояд кори дарвеш!
Яқин медон, муҷибу мустаҷоб аст,
Дуъои сӯхта дарвеши дилреш!
Чу он султони бечунро бидидӣ,
Ғанӣ гаштӣ, раҳидӣ аз каму беш!
Чу Исмоъил қурбон шуд дар ин ишқ,
Валиро банда шав, гар нестӣ меш!
Чу пухтӣ дар ҳавои Шамси Табрез,
Аз ин хомони беҳуда маяндеш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *