Як Қӯсира Пур Дорам Зи Сахун – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Як қӯсира пур дорам зи сахун,
Ҷон мешунавад, ту гӯш макун!
Дар банди худӣ, з-ин сер шудӣ,
Гирӣ сари худ, ай бесару бун!
Чун мустамиъон ҷумла бираванд,
Гӯям ғами ёр бо ёри куҳун.
Кай сер шавад моҳӣ зи тарӣ,
Ё ташнаи Ҳақ аз илми лудун?!
Гар сер шуданд ин мустамиъон.
Ҷон мешунавад аз қурти узун!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *